<?xml version="1.0" encoding="UTF-8"?><song><key>Em</key>
<title>Дар васфи Худо шому саҳар нағма сароед Хд164</title>
<lyrics>[V1]
.Em                               B
 Дар васфи Худо шому саҳар нағма сароед,
.B                           Em
 Ӯро ҳама ҷо бо дилу бо ҷон биситоед.
.Em                                  B
 Ӯро, ки бузург асту тавоност ба ҳар кор,
.    Am                B     Em
 Бо хандаву бо рақс ситоиш бинамоед.

[C1]
.  E                                 Am
   Бо ҳамду сано бар лабу ҷон ташнаи дидор
.  D                              Em
   Аз завқи висолаш дари дилро бикушоед.
.  Em                                Am
   Бо ҳамду сано бар лабу ҷон ташнаи дидор
.     D                              Em
   Аз завқи висолаш дари дилро бикушоед
.      B                          Em
   Аз завқи висолаш дари дилро бикушоед.

[V2]
.Em                               B
 Бо сози дафу чангу навои найи ҷонсӯз
.B                           Em
 Рақсону ғазалхон ҳама аз хона бароед.
.Em                               B
 Ҷоне ки Худо дода шуморо, бигузоред
.    Am                     B       Em
 Андар қадамаш, в-арна кӣ ҳастеду куҷоед?

[V3]
.Em                               B
 Эй поксириштон, зи Худо файз биҷӯед,
.B                           Em
 Лутфу карамашро, ки сазовор шумоед
.Em                              B
 Эй нағмасароёни хушовоз, бихонед
.    Am                  B      Em
 Тасбеҳ Худоро, ки шумо қавми Худоед.</lyrics>
<hymn_number>164</hymn_number>
</song>